Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз фаластиниҳо бо вуҷуди хатарҳои ҷиддӣ, афзал мешуморанд, ки шаҳри Ғазза боқӣ бимонанд. Онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки дар тамоми борикаи Ғазза, ки бо камбуди ғизо, об ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал рӯбарӯ аст, ҳеч нуқтае воқеан амн нест.
Аз сӯи дигар, тарҳи тасарруфи Ғазза аз сӯи Исроил, бо интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст.
Сухангӯи артиши Исроил рӯзи 20 август ба хабарнигорон гуфт, "мо амалиёти ибтидоӣ ва марҳилаи аввали ҳамла ба шаҳри Ғаззаро оғоз кардаем ва ҳамакнун нерӯҳои артиш дар атрофи шаҳри Ғазза ҷобоҷо ҳастанд".
Як мақоми низомӣ пештар мавзӯъро ба хабарнигорон шарҳ дод ва гуфта буд, ки нерӯҳои эҳтиётӣ то моҳи сентябр ба хидмат фаро хонда намешаванд ва ин ба миёнаравҳо фурсат медиҳад, барои пур кардани холигоҳ миёни гурӯҳи "Ҳамос" ва Исроил бар сари шартҳои оташбас, талош кунанд.
Бо ин ҳол, пас аз даргирии нерӯҳои исроилӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи "Ҳамос" дар навори Ғазза дар ҳамин рӯз, дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дастур додааст, ки раванди тасарруфи пойгоҳҳои аслии "Ҳамос" суръат бахшида шавад.
Изҳороти мақомоти исроилӣ барои тасарруфи калонтарин шаҳри навори Ғазза нишон медиҳад, ки рӯёрӯии сахте дар интизори ин минтақа аст. Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ин тасмими Исроил, ки он эҳтимолан боиси оворагии бештаре аз фаластиниҳо хоҳад шуд, интиқод карданд.
Рӯзи чаҳоршанбе Вазорати дифои Исроил гуфт, тарҳи артиш барои ишғоли шаҳри Ғаззаро пазируфт ва иҷозатномаи даъвати ҳудуди 60 ҳазор сарбози эҳтиётиро барои иҷрои он содир кардааст.
Сухангӯи артиши Исроил таъкид кард, ки нерӯҳои исроилӣ акнун дар атрофи шаҳри Ғазза дар ҳоли амалиёт ҳастанд.
Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳад, ки кобинаи Исроил пешниҳоди нави оташбаси ироашуда аз сӯи миёнаравҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Аз сӯи дигар, "Ҳамос" низ дар баёнияе Бенямин Нетаняҳуро барои мамониат дар созиши оташбас ва идомаи "ҷанги ваҳшиёна алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ дар шаҳри Ғазза", муттаҳам кард.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Кобинаи амниятии Исроил бо раҳбарии Нетаняҳу ҳудуди ду ҳафта қабл тарҳи "тасаллут бар шаҳри Ғазза"-ро қабул кард. Ин тарҳ бо интиқодҳои шадиди байналмилалӣ, ҳатто аз сӯи муттаҳидони ғарбии Исроил, ба ҷуз Амрико, рӯбарӯ шуд.
Ҷанги навбатӣ дар Ғазза миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав бурда шуданд.
Бинобар гузориши ниҳодҳои тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" мебошанд, аз он замон то кунун беш аз 62 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, бештари кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.