Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи афсари милисаеро пайдо кард, ки барои шиканҷаи як гумонбар ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе буд ва баҳсаш дар чанд додгоҳ идома дошт.
Намояндагони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар оғози моҳи август эълон карданд, ки як афсари милисаро барои шиканҷа аз озодӣ маҳрум намуданд, вале бо вуҷуди пофишории хабарнигорон тафсилот надоданд.
Сипас, рӯзи 7-уми август, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз зиндонӣ шудани як корманди ин ниҳод барои шиканҷа ибрози бехабарӣ кард. Мақомот дар бораи ин ҳукм баёния ё изҳороте надоданд.
Чунин роздорӣ сабаб шуд, ки Радиои Озодӣ ба ҷустуҷӯйи воқеа равад. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз 19-уми август, Музаффар Маҳмудзода дар тирамоҳи соли 2024 бар асоси шикояти наздикони як гумонбаршуда дастгир шудааст.
Ин афсари милиса аввал ба шиканҷа муттаҳам шуда, сипас ҳангоми мурофиа дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт иттиҳоми ӯ ба фаротар рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ тағйир ёфтааст.
Додгоҳи ноҳияи Сино моҳи январи имсол Музаффар Маҳмудзодаро ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, амр додааст, ки ӯ 112 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҷуброн низ пардозад.
Таҳмина Муъминзода, сардори яке аз раёсатҳои Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, бинобар сабук будани ҷазои таъиншуда додситон эътироз кард ва “ҳукм бекор шуд”.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди шикояти додситонӣ парвандаро барои баррасии дигарбора ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе фиристодаанд. Дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Музаффар Маҳмудзодаро дар охири моҳи марти имсол бо гуноҳи шиканҷа ва боздошти худсарона ба 13 сол зиндон маҳкум карданд.
Шикояти вакилони дифои Маҳмудзода аз ҳукм бетағйир гузошта шудааст. Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи вакилон ва наздикони ӯ то ин дам бенатиҷа буд.
Мурофиаи афсари баландпояи милиса паси дарҳои баста гузаштааст ва барои ҳамин намояндагони се додгоҳ дар Душанбе аз ироаи ҷузъиёти парванда худдорӣ карданд. Шахсияти нафаре, ки муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур барои шиканҷаи ӯ зиндонӣ шудааст, низ то ин лаҳза маълум нест.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
13 сол ҳукми зиндони як афсари милиса дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали имсол аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят гирифт.
Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа аз дасти кормандони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ аст. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.
Мақомоти Тоҷикистон онро "худиқрорӣ" меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.