Зеленский: Русия намехоҳад ҷанг поён ёбад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина (чап) ва Владимир Путин, президенти Русия (рост). Коллаж

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз ҳампаймонҳои ғарбии кишвараш хост, ки дар 7-10 рӯз ба созиши асосӣ бирасанд, то замонатҳои амниятии ошкору рӯшан ба Украина дода шавад. Дархости Зеленский дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Русия ҳамлаҳои худро ба Украина бештар кардааст.

Ба гуфтаи мансабдорони украинӣ, Русия дар моҳи август ба минтақаҳои гуногуни Украина ҳамлаҳои сахти ҳавоӣ анҷом дод. Зеленский рӯзи 21-уми август дар паёми видеоӣ гуфт, ҷанг бояд поён ёбад ва ба Русия фишор оварда шавад.

Изҳороти Зеленский дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард ва сипас мизбони Зеленский ва шуморе аз раҳбарони кишварҳои аврупоӣ буд.

Трамп бар гуфтугӯҳои мустақими раҳбарони Украина ва Русия таъкид кард, аммо ба назар мерасад Кремл ба баргузории чунин нишаст чандон моил нест ва гуфтааст, бояд омодагии комил гирифта шавад. Владимир Зеленский рӯзи 21-уми август гуфт, ки Маскав аз гуфтугӯйи мустақим мегурезад.

Вай афзуд: "Нишонаҳое, ки аз сӯи Русия дидем, содиқона бигӯям, мусбат нест. Онҳо аз мулоқоти рӯ дар рӯ фирор мекунанд. Намехоҳанд, ки ҷангро поён диҳанд. Ҳамлаҳои густурдаи худро бар Украина идома медиҳанд. Шоҳиди ҳамлаҳои хеле густурда дар хати пеши ҷанг будем."

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки Русия бо тақрибан 550 паҳпод ва беш аз 40 мушак ба минтақаҳои гуногуни Украина ҳамла кардааст. Ба гуфтаи мақомҳои украинӣ, ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ дар пай дошта, ба минтақаҳои аҳолинишин осеби шадид расондаанд. Ҳадафи ҳамла асосан минтақаҳои ғарбии ин кишвар будаанд, аз ҷумла шаҳрҳои Лвов ва Мукачево.

Дар Лвов як нафар кушта шуда, дастикам се кас ҷароҳат бардоштаанд. Зиёда аз 20 бинои истиқоматӣ ва иншооти дигари шаҳрвандӣ низ зарар диданд. Русия ба шаҳри Мукачево, ки дар минтақаи Закарпатия ва дар наздикии сарҳад бо Маҷористону Словакия ҷойгир аст, низ зарба задааст. Дар онҷо 15 кас захмӣ шуда, як корхонаи саноатӣ оташ гирифт.